Рушди инфрасохтори низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон

Рушди инфрасохтори низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон

Дар давоми соли 2023 ба иштирокчиёни Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳои Бонки миллии Тоҷикистон (НАБИМ), иштирокчиёни Низоми маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо (NPCR), иштирокчиёни Низоми пардохтии миллии “Корти миллӣ” ва низоми пардохтии байналмилалии “VISA” (аз рӯи амалиётҳои дар қаламрави кишвар амалигашта дар доираи лоиҳаи TJNNSS), инчунин ташкилотҳои қарзии молиявии барҳамхуранда, ташкилотҳои молиявии резидент ва ғайрирезидент хизмат расонида шуд.

Дар ҷадвал тарифҳои хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкии Бонки миллии Тоҷикистон оварда шудаанд, ки бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 октябри соли 2020 мувофиқа карда шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 12 ноябри соли 2020, №153 тасдиқ гардидаанд: 

1. Тарифи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ

тавассути қисми ҳисоббаробаркунии маҷмуӣ дар реҷаи вақти воқеии Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо

Номгӯи хизматрасонӣ

Шумораи коркарди ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ дар як моҳ (адад)

Нархи як ҳуҷҷати

пардохтии электронӣ

(сомонӣ)

Коркарди ҳуҷҷати пардохтии электронӣ тавассути қисми ҳисоббаробаркунии маҷмуӣ дар реҷаи вақти воқеӣ

ҳангоми

аз 1 то 1 000

0,70

ҳангоми

аз 1 001 то 10 000

0,50

ҳангоми

аз 10 001 ва зиёда

0,30

Арзиши коркарди як ҳуҷҷати пардохтии электронии пас аз соати 17:30 тавассути қисми ҳисоббаробаркунии маҷмӯӣ дар реҷаи вақти воқеӣ пешниҳодшаванда 5,00 сомонӣ муқаррар карда мешавад.

2. Тарифи хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ

тавассути қисмҳои пардохтҳои босуръат ва клирингии

Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо

Номгӯи хизматрасонӣ

Нархи як ҳуҷҷати пардохтии электронӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ (сомонӣ)

Коркарди як адад ҳуҷҷати пардохтии электронӣ тавассути қисми пардохтҳои босуръат

            0,01

Коркарди як баста ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ тавассути қисми клирингӣ (маблағи зиёдтарини як ҳуҷҷати пардохтӣ 1 000,00 сомонӣ)

            2,00

    Эзоҳ: Миқдори ҳуҷҷатҳои пардохтии электронӣ дар як баста бемаҳдуд мебошад.

Барои коркарди ҳуҷҷатҳои пардохтии электроние, ки ба буҷети давлатӣ тавассути суратҳисобҳои транзитии буҷетӣ (ҳисоби тавозунӣ – 20262) интиқол дода мешаванд, ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ гирифта намешавад.

Тавассути НАБИМ дар соли 2023 ба маблағи 531,3 млрд. сомонӣ пардохтҳо амалӣ гаштаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,6 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи пардохтҳо 4,2 млн. ададро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 0,8 млн. адад зиёд мебошад.

Пардохтҳои тавассути НАБИМ амалигашта

02.jpg