16 октябр раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд бо намояндагони як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ мулоқотҳои корӣ анҷом дод.
Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ бо намояндагони ширкати байналмилалии молиявии J.P.Morgan масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бонкӣ, рушди муносибатҳои муросилотӣ ва имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба тавсеаи робитаҳои бонкҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council) тамоюлҳои ҷории бозори ҷаҳонии тилло ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ бо намояндагони Бонки рушди Сингапур (DBS Bank) масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи бонкӣ, ҳамкорӣ дар самти идоракунии дороиҳо ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои бозорҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардиданд.
Дар мулоқот бо ҳайати Бонки марказии Малайзия (Bank Negara Malaysia) ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории байнибонкӣ ва табодули таҷрибаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ба омӯзиши таҷрибаи Малайзия дар самти рушди бонкдории исломӣ, истифодаи воситаҳои молиявии исломӣ ва коркарди муосири пули нақд, аз ҷумла фаъолияти маркази автоматикунонидашудаи коркарди пули нақд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар маҷмуъ, мулоқотҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва созанда баргузор гардида, ҷонибҳо барои идомаи муколама ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори омодагӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1331
16.10.2026