Иштирок дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳо

Ахбор

Иштирок дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳо


Дар ҳошияи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ санаҳои 22-23 апрели соли 2024 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар Форуми баландпоя оид ба идоракунии дороиҳо ва захираҳо иштирок намуд.

RAMP 3-min.jpg

Форуми мазкур дар доираи Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ (RAMP) ташкил гардида, дар кори он ҳамасола намояндагони сатҳи баланди бонкҳои марказӣ, фондҳо, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва агентиҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи Форум масъалаҳои мубрам вобаста ба дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, идоракунии дороиҳои давлатӣ дар вазъи кунунӣ, сармоягузориҳои устувор, интегратсияи иқлим ва табиат, нақши бонкҳои марказӣ дар идоракунии дороиҳо ва мушкилоти амалиётӣ барои таъсиси чаҳорчӯбаи сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Лозим ба зикр аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 аъзои Барномаи шарикии машваратӣ оид ба идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ (RAMP) буда, корҳои назаррас дар ҳамбастагӣ бо дастаи Бонки Ҷаҳонӣ дар самти самаранок идоракунии захираҳои байналмилалӣ анҷом дода шудаанд.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

 

Диданд: 910

24.04.2024

Возврат к списку