Силсиладарсҳои маҳорат оид ба рушди иқтисоди “сабз”

Ахбор

Силсиладарсҳои маҳорат оид ба рушди иқтисоди “сабз”


23 апрели соли 2024 дар Бонки миллии Тоҷикистон барои намояндагони бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври нахустини омӯзишии дарсҳои маҳорат (мастер-класс) оид ба хавфҳои иқлимӣ дар як вақт аз рӯи барномаи “Амалияи иқлимӣ ва банақшагирии давраи иқлим” оғоз гардид.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир зимни пазироии иштирокдорони семинар изҳор дошт, ки ҳамгироии бахшҳои иқлимӣ ва экологӣ ба низомҳои молиявӣ як қисми асосии саҳми БМТ дар татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 ба ҳисоб меравад ва ин масъала дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" дар назди низоми бонкии кишвар гузошта шуда буд.

NBTL0459-min.JPG

Зикр гардид, ки чорабинии мазкур тибқи Ёддошти тафоҳуме, ки миёни БМТ ва БАТР моҳи сентябри соли 2023 ба имзо расид, гузаронида шуда, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ҳамчун шарики боэътимоди Бонки миллии Тоҷикистон на танҳо дар самти ривоҷи иқтисоди сабз, балки дар дигар бахшҳои муҳим, аз қабили рушди устувори экология, сиёсати иҷтимоӣ, идоракунии корпаративӣ ва сармоягузорӣ, рушди соҳибкории занон ҳамкорӣ намуда истодааст.

Дар навбати худ, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холгер Вифел қайд намуд, ки силсиладарсҳои маҳорат барои доираи васеи намояндагони бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки БАТР ин барномаро дар он роҳандозӣ менамояд. Дар доираи барномаи мазкур иштирокдорон метавонанд маълумоту малакаи навро доир ба ошкор ва идора кардани хавфҳои марбут ба иқлим, стратегияи иқлим ва идорасозӣ, таҳияи нишондиҳандаҳою ҳадафҳо, инчунин ифшои иттилоот ба даст оранд.

02-min.JPG

Маврид ба ёдоварист, ки барнома бо дарназардошти сиёсати БАТР доир ба мутобиқат ба Созишномаи Париж таҳия шуда, ҳадафи он дастгирӣ ва кумак ба мақомоти танзимкунанда ва ниҳодҳои молиявӣ дар самти сабзгардонии бахш ва амалиётҳо мебошад.

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 1086

24.04.2024

Возврат к списку