Баррасии маблағгузории лоиҳаҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ

Ахбор

Баррасии маблағгузории лоиҳаҳо бо Бонки Ҷаҳонӣ


Дар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори Бонки Ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ Анна Бйерде, ки 18 апрел дар доираи ҷаласаҳои баҳории ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар шаҳри Вашингтон сурат гирифт, масъалаи маблағгузории лоиҳаҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба сиёсати иқтисодӣ ва дастгирии доимии машваратӣ аз ҷониби ташкилоти молиявии мазкур мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

хабари 11-2-min.jpg

Ҷониби Тоҷикистон зимни мулоқот нақши муҳимми шарикони рушдро дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда, кумаки саривақтии Бонки Ҷаҳониро ба кишварҳои аъзо ҷиҳати устуворӣ ва мутобиқатшавӣ ба таъсири омилҳои беруна муассир арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки новобаста аз вазъи мураккаб ва ҳассоси геосиёсӣ масъалаи муҳим ва асосӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастгирии сохтмони иншооти азим ва стратегии кишвар “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” мебошад. Таъкид гардид, ки маҳз ташаббуси Бонки Ҷаҳонӣ боиси таваҷҷуҳи як қатор ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба маблағгузории “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, барои анҷом додани сохтмони “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ҷалби сармояро идома диҳад. Дар робита ба ин, аз Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун институти молиявии бонуфуз ҷиҳати маблағгузории “НБО Роғун” даъват ба амал оварда шуд.

хабари 11-min.jpg

Дар мулоқоти мазкур, ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ., ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Н. ва вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ф. намояндагӣ доштанд.

 

Шуъбаи матбуоти БМТ

Диданд: 862

22.04.2024

Возврат к списку