Вохӯрӣ бо раиси Бонки миллии Швейтсария

Ахбор

Вохӯрӣ бо раиси Бонки миллии Швейтсария


17 апрели соли ҷорӣ муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. ва раиси Бонки милии Тоҷикистон Толибзода Ф.Н. дар шаҳри Вашингтон бо раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан вохӯрданд.

04-04-min.jpg

Дар рафти мулоқот ба сатҳу сифати ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо баҳои баланд дода шуда, қайд гардид, ки муносибати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Холиқзода Ҳ.Ҳ. бо ишора ба муносибатҳои боэътимоди иқтисодӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва муаррифии фаъолонаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Швейтсария дар Шӯрои директорони ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ ба раиси он ҷаноби Томас Йордан миннатдорӣ баён намуд. Зикр гардид, ки маҳз солҳои ба ҳайси раиси Шӯрои мудирони Бонки миллии Швейтсария хизмат намудани Томас Йордан муносибатҳо боз ҳам мустаҳкамтар гардиданд.

03-03-min.jpg

Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан нахуст Холиқзода Ҳ.Ҳ. ва Толибзода Ф.Н-ро ҷиҳати таъйин гардидан ба вазифаҳои муҳим ва масъулиятноки давлатӣ табрик намуда, дар баробари тасдиқи сатҳи хуби ҳамкориҳои дуҷониба, барои боз ҳам тавсеа бахшидан ба онҳо, аз ҷумла дар самти устувории низоми бонкӣ аз ҳайати Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дигар самтҳои ҳамкорӣ низ табодули андеша намуда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои мутақобилаи судманд омодагии хешро баён доштанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дӯстона, зич ва самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария минбаъд низ самарабахш идома хоҳанд ёфт.

02-02-min.jpg

Дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода П.Ҳ. ва директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки милии Тоҷикистон Бояков З.Ғ. ҳамроҳӣ доштанд.

 

Шуъбаи матбуоти 
БМТ

Диданд: 749

19.04.2024

Возврат к списку