Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2021
  • Таваррум дар моҳи октябр
    1,0%
  • 8,7%
  • Пулҳои захиравӣ (октябр), млрд. сомонӣ
    24,4
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 25 октябри с.2021)13,25
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +2 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -2 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (октябр)12,48
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2021
    (% солона)
  • Меъёри миёнавазни пасанд. муҳлат. бо пули миллӣ (январ-октябр)
    10,55
  • Меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ-октябр)
    23,94
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ-октябр)
    12,30
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (октябр)
    22,09
  • Меъёри миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (октябр)
    21,65




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 03.12.2021

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3 320.68 3 399.98
10 6 554.39 6 710.92
20 12 962.68 13 272.26
50 32 168.51 32 936.75
100 64 172.25 65 704.80

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Декабр      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    29 30 1 2 3 4 5
    6 7 8 9 10 11 12
    13 14 15 16 17 18 19
    20 21 22 23 24 25 26
    27 28 29 30 31 1 2
  • Яндекс.Метрика

Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд

08.10.2021

5 октябри соли 2021 дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси якҷояи Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори “Нақши ҷавонон дар рушди низоми бонкӣ дар даврони истиқлол” баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Умед Раҳимзода, Раиси Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор ва кормандони ҷавони низоми бонкии мамлакат иштирок намуданд.

NBTL4448.JPG

Қабл аз оғози ҳамоиш дар боғи “Куруши Кабир”-и шаҳри Душанбе ташкилотҳои қарзии молиявӣ маҳсулоти бонкӣ, дастовардҳо ва зиёда аз 250 ҷойҳои кории холии худро ба намоиш гузоштанд, ки шаҳрвандони пойтахт-хурду бузург аз он дидан намуда, вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҷойҳои кории холӣ маълумоти муфассал гирифтанд.

NBTL4471.JPG

Қисмати дуюми ҳамоишро, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид, муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи забон табрику таҳният гуфт ва баргузории чорабинии мазкурро далели мавқеи устувори ҷавонони низоми бонкӣ дар рушди низоми бонкӣ арзёбӣ намуд.

NBTL4541.JPG

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобанд ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат муайян карда, таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”, - зикр намуд Моҳбону Накҳатзода.

NBTL4474.JPG

Қайд гардид, ки ҷавонон бо андешаҳои муосир навовариҳои беназирро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бозори молиявӣ ҷорӣ намуда истодаанд ва бо боварӣ метавон гуфт, ки дар рақобатҳои шадид дар фарҳанги зеҳнӣ мутобиқу созгор хоҳанд шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон низ ҳамчун мақоми танзиму назорати низоми бонкӣ ва татбиқкунандаи сиёсати пулию қарзии мамлакат барои фароҳам овардани шароит баҳри рушди фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкорони ҷавон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст. Рушди низоми бонкӣ ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.

NBTL4202.JPG

“Дар асл, касби бонкдорӣ пешаи мушкилу пурмасъулият ва пуршараф буда, донишу масъулияти зиёд, меҳнати софдилона, ҳушёриву хайрандешӣ ва дилсӯзиву фидокориро нисбати кор талаб мекунад, ки имрӯз кормандони ҷавони низоми бонкӣ онро сарбаландона идома бахшида истодаанд”,-хулоса кард муовини Раиси БМТ Моҳбону Накҳатзода.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Абдулло Раҳмонзода, ки ҳамзамон Раисии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ба дӯш дорад, дар навбати худ ҷавононро неруи бузург дар рушду пешрафти ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ номид. Мавсуф зикр кард, ки дар давоми 30 соли Истиқлолияти кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар як қатор барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, аз ҷумла “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020”, “Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонони Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбарии олии мамлакат баҳри фароҳам овардани шароити арзанда ва рушду такомули ҷавонон далолат медиҳад.

NBTL4213.JPG

“Ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар, Шумо ҷавонон бояд донишу малакаи худро мувофиқ ба талаботи замон такмил дода, онро барои рушди Тоҷикистони азиз равона намоед”, - таъкид намуд Абдулло Раҳмонзода.

Дар идомаи ҳамоиш кормандони ҷавони ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба масъалаҳои гуногуни фаъолияти ҷавонон дар низоми бонкӣ, имкониятҳову захираҳои мавҷуда ва татбиқи ғояҳои наву муосир ҷиҳати рушди низоми бонкӣ рӯнамоиҳо манзур намуданд.

Сипас, аз ҷониби Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро сардори Шуъбаи назорати асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор Абдулқайси Саидҷаббор ба дӯш дорад, Муроҷиатномаи ҳамоиши ҷавонони низоми бонкӣ бо унвони “Нақши ҷавонон дар рушди низоми бонкӣ дар даврони истиқлол” пешниҳод гардид ва аз ҷониби ҳозирин қобили қабул дониста шуд.

NBTL4620.JPG

Матни муроҷиатнома аз ҷониби узви фаъоли Шӯрои ҷавонони БМТ Фаромуз Раҳмонзода қироат шуд, ки аз ҷумла дар он омадааст: “Мо кормандони ҷавони низоми бонкӣ чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мактаби мардонагиву ҷасорат, ватандӯстиву сарсупурдагӣ ва садоқати ин шахсияти беназир дарси ибрат гирифта, таъмини оромиву осудагӣ ва саломатии ҳар як сокини кишварро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳем ва барои иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо Пешвои муаззами миллат ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав баҳри рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол қадамҳои устувор мегузорем”.

Зимни ҷамъбасти ҳамоиш роҳбарияти ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, ки барои рушду такомули ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда, кормандони ҷавони низоми бонкиро ҳамаҷониба дастгирӣ намудаанд, бо Сипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамоиши ҷавонони низоми бонкиро дар фазои тантанавӣ суханҳои Пешвои муаззами миллат, ки имрӯз шиори ҷавонони кишвар гаштааст, аз ҳусни анҷом бахшид: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 458

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Э.Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ