Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Шарҳи мухтасари макроиқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

02.02.2022

2 феврали соли 2022 дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти № АП – 1729 дар Бонки миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ низоми бонкии мамлакат дар соли 2021 баргузор гардид.

NBTL1562-1.JPG

Нишасти матбуотӣ таҳти роҳбарии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ҳузури муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович, муовинони Раиси БМТ Толибзода Фирдавс Назримад, Накҳатзода Моҳбону Киромиддин ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода нишасти матбуотиро оғоз намуда, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 сиёсати пайгирона ва самарабахши пулию қарзӣ ва асъории худро баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, суботи молиявӣ ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт равона намуд.

NBTL1666-2.JPG

Аз ҷумла, маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар дар соли 2021 98,9 млрд. сомонӣ ва афзоиши воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 4,7 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,0 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, сохтмон 23,3 фоиз, гардиши савдои чакана 12,7 фоиз ва хизматрасониҳои пулӣ 7,9 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар соли 2021 дар доираи нишондиҳандаи якрақама ҷамъбаст гардида 8,0 фоизро ташкил намуд, ки ин дар доираи ҳадафи муқарраршудаи Бонки миллии Тоҷикистон(6±2) қарор дорад ва асосан дар натиҷаи болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7,3 фоиз, маҳсулотҳои ғайрихӯрокворӣ 7,5 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 11,3 фоиз ба амал омад. Бояд қайд кард, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2020 ба андозаи 1,4 банди фоизӣ паст мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадилии нархҳо ва раванди танзими ҳаҷми пул, сиёсати мутавозуни пулию қарзиро тавассути механизму фишангҳои худ ҷиҳати маҳдуд сохтани таъсири омилҳои монетарӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ амалӣ намуда истодааст.

NBTL1675-3.JPG

Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ дар соли 2021 музоядаҳои фурӯши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми 7,9 млрд. сомонӣ гузаронида шуда, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳамарӯза ба ҳисоби миёна 900,0 млн. сомонӣ ҷалб карда шуд.

Бинобар пешгирӣ намудани фишорҳо ва интизориҳои таваррумӣ вобаста аз омилҳои беруна меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилӣ ва берунӣ ба иқтисодиёт дар соли 2021 тадриҷан ба андозаи 2,5 б.ф. зиёд карда шуда, дар сатҳи 13,25 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд бо пули миллӣ ба 3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 9 фоизи солона баробар гардид.

NBTL1627-4.JPG

Бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2021 ба ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 720,0 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ 17,7 маротиба зиёд мебошад.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба санаи 31 декабри соли 2021 муътадил арзёбӣ гардида, устувории пули миллӣ – сомонӣ нигоҳ дошта шуд ва беқурбшавӣ умуман ба назар нарасид.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31 декабри соли 2021 дар маҷмуъ 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 13 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 18 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 4 адад ташкилоти қарзии хурд ва 27 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Шумораи воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021 1852 ададро ташкил намуд. Дороиҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2021 маблағи 22,4 млрд. сомониро ташкил дод. Уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, 17,3 млрд. сомониро ташкил намуд.

Дар санаи 31 декабри соли 2021 меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзии молиявӣ 23,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба талаботи муқарраршуда (12 фоиз) 11,4 б.ф. зиёд мебошад.

Натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2021 мусбӣ арзёбӣ гардида, ба маблағи 108,4 млн. сомонӣ бо фоида ҷамъбаст гардид.

Меъёри пардохтпазирии ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар санаи 31 декабри соли 2021 ба 87,7 фоиз баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда (30 фоиз) 57,7 б.ф. зиёд мебошад.

NBTL1573-5.JPG

Бақияи умумии пасандозҳо ба ҳолати 31 декабри соли 2021 10,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки аз ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи пасандозҳо бо пули миллӣ 55,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 44,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар таркиби пасандозҳо 4,8 млрд. сомонӣ ё 47,2 фоизро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 5,4 млрд. сомонӣ ё 52,8 фоизро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соли 2021 маблағи 13,7 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 37 фоиз зиёд мебошад.

Теъдоди қарзҳои додашуда низ дар давраи баррасишаванда 2,0 маротиба зиёд гардида, ба 2,3 млн. адад баробар гадидааст.

Дар ин давра аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо ба соҳаҳои истеъмолот 35,5 фоиз, кишоварзӣ 15,4 фоиз, савдои хориҷӣ 14,0 фоиз, хизматрасонӣ 13,1 фоиз, саноат 10,3 фоиз, сохтмон 3,9 фоиз, нақлиёт 0,7 фоиз ва дигар соҳаҳо 7,1 фоиз рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 64,5 фоиз ё ба маблағи 8,8 млрд. сомонӣ ба соҳибкорон рост меояд, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,8 млрд. сомонӣ ё 25,9 фоиз зиёд шудааст.

Ҳамзамон, аз ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли ҳисоботӣ додашуда 37,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 5,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 1,0 млрд. сомонӣ ё 23,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

NBTL1610-6.JPG

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 67,7 фоиз ба қарзҳои хурд рост меояд, ки маблағи 9,3 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 48,2 фоиз зиёд гардид.

Ба санаи 31 декабри соли 2021 аз шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 37,6 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, соли 2020 теъдоди бонувон дар низоми бонкӣ 35,5 фоизро ташкил медод.

Бо мақсади вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва васеъ намудани инфрасохтори пардохтӣ, рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии бонкии ватанию хориҷӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами онҳо, Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Ба санаи 31 декабри соли 2021 шумораи кортҳои пардохтии бонкии ба муомилот баровардашуда 3,5 млн. ададро ташкил дода, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 24,4 фоиз зиёд мебошад.

Барои хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтӣ ба санаи 31 декабри соли 2021 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 19 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар маҷмуъ 1412 адад банкомат ва 4878 адад терминалҳои электронӣ насб карда шудаанд. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ нисбатан камхарҷ буда, барои истифодабарандагони он имконияти васеътарро барои пардохтҳои ғайринақдӣ фароҳам меоранд. Ба санаи 31 декабри соли 2021 дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ 11 036 адад QR-рамз мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 2,1 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин, теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 3,5 млн. ададро ташкил дода, дар соли 2021 тавассути ҳамёнҳои электронӣ 17,2 млн. адад амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 1 020,8 млн. сомонӣ анҷом дода шуданд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 1,8 млн. адад (2,1 маротиба) афзудааст.

Дар соли 2021 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 29,3 млн. адад амалиётҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдии пардохти молу хизматрасониҳо ба маблағи 3,7 млрд. сомонӣ анҷом дода шуданд, ки нисбат ба соли 2020 аз рӯи шумора 31,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 91,3 фоиз афзоиш ёфтаанд.

NBTL1615.JPG

Дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, Бонки миллии Тоҷикистон қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи шифоҳӣ, телефонӣ, хаттӣ ва тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монда, дар соли 2021 дар маҷмуъ 2100 адад, аз ҷумла 82 адад ба воситаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомотҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 238 адад тариқи хаттӣ бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон, 1207 адад тариқи телефони боварӣ, 558 адад ҳангоми қабули шаҳрвандон ва 15 адад тариқи почтаи электронӣ муроҷиат ворид гардиданд, ки нисбати онҳо дар доираи салоҳият чораҳои дахлдор андешида шуд.

Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар, аз соли 2014 инҷониб ширкатҳои байналмилалии рейтингии “Standard & Poor's” ва “Moody’s” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳогузорӣ менамоянд. Новобаста аз таъсири пандемия COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар ва таъсири омилҳои дигари беруна, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист рейтинги худро дар сатҳи устувор қарор диҳад.

Соли 2021 аз ҷониби ширкати байналмилалии рейтингии “Standard & Poor's” ҳисоботи навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, ки дар он баҳои кишвар дар сатҳи “B-/B” бо дурнамои “устувор” тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, санаи 10 июни соли 2021 ширкати “Moody’s” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи “B3” бо “дурнамои устувор” баланд бардошт, ки аз соли 2018 рейтинги мазкур аз ҷониби ширкати “Moody’s” дар сатҳи “B3” бо “дурнамои манфӣ” қарор дошт.

Ба ҳолати 31 декабри соли 2021 шумораи умумии ташкилотҳои суғуртавӣ 19 ададро ташкил менамоянд, ки аз онҳо 2 адад ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ мебошанд.

Дороиҳои низоми суғурта дар соли 2021 ба 527,3 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 27,9 фоиз зиёд мебошад. Дар маҷмуъ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявии кишвар дар соли ҳисоботӣ ба 2,2 фоиз баробар шуд.

Дар соли 2021 уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар умум ба 206,8 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи 6,1 фоиз афзуд.

Сармояи худии низоми суғурта дар соли 2021 ба 320,5 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли сипаригашта ба андозаи 47,4 фоиз зиёд мебошад. Ин раванд дар самти устувории молиявӣ ва пардохтпазирии ташкилотҳои суғуртавӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, дар баробари ин барои саривақт иҷро гардидани уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи ташкилотҳои суғуртавӣ бевосита мусоидат менамояд.

Миқдори умумии шартномаҳои басташуда дар соли ҳисоботӣ ба 1 970,6 ҳазор адад баробар шуд, ки дар муқоиса ба соли 2020 ба 308,6 ҳазор адад афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми умумии воридоти мукофоти суғуртавӣ дар соли 2021 маблағи 287,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 ба андозаи 21,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар давраи ҳисоботӣ тамоюли зиёдшавиро касб намуда, ба 91,8 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли 2020 4,8 маротиба зиёд мебошад.

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба саволҳои худ дар мавриди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нави муосир, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, инчунин раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ- ҳадафгирии таваррум ва мутобиқ кардани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, “устувор” арзёбӣ гардидани рейтинги қарзии соҳибихтиёрии мамлакат, ҷалби пасандозҳо, ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ, раванди татбиқи бонкдории исломӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ ва масъалаҳои дигар посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар хотимаи нишаст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкию суғурта ва пешбурди сиёсати пулию қарзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 2555

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ