Саҳифаи асосӣ Харитаи сомона Тамос бо мо
НБТ
  • Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
  • Таваррум дар моҳи феврал
    0,3%
  • 3,6%
  • Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ
    36,2
  • Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат
    6% (±2)
  • Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
    (% солона)
    • Меъёри бозтамвил
      (аз 12 феврали с.2024)9,5
    • Меъёри фоизи қарзи
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ
    • Меъёри фоизи амонати
      шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0
    • Меъёри захираҳои
      ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0
    • Меъёри миёнавазни коғазҳои
      қиматноки БМТ (феврал)5,08%
  • Меъёри фоизӣ дар соли 2024
  • Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)
    12,57 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)
    23,06 %
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)
    13,00%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)
    20,74%
  • Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)
    23,71%




  • Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ

Сана: 29.03.2024

Ҳаҷми сабикаҳо,
гр
Нархи бозхарид,
сомонӣ
Нархи фуруш,
сомонӣ
5 3988.08 4068.64
10 7856.66 8015.38
20 15579.86 15894.60
50 38720.29 39502.52
100 77321.22 78883.26

  • Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
    44-600-32-77, 44-600-32-48

  • Тақвими ахбор
  •       Март      

    Д С Ч П Ҷ Ш Я
    26 27 28 29 1 2 3
    4 5 6 7 8 9 10
    11 12 13 14 15 16 17
    18 19 20 21 22 23 24
    25 26 27 28 29 30 31
  • Яндекс.Метрика

Боздиди ҳайати Бонки миллии Тоҷикистон аз Осорхонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

19.01.2022

17 январи соли 2022 ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд.

NBTL1117-1.JPG

Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.

3-А.JPG

Қайд карда шуд, ки баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи Пешвои миллат гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, ки номбурда низ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тавассути экспонатҳои Осорхонаи Пешвои миллат аз ҳаёти давраи донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд. Зеро, на ҳама вақт имкон мегардад, бо чунин нигораҳои нодир, ки дар шинохти таъриху фарҳанги миллатамон нақши барҷаста доранд, аз наздик ошноӣ пайдо кард.

NBTL1146-3.JPG

Чун анъана, бо таклифи Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи Пешвои миллат, ки аввалин шуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он таманниёти неки худро баҳри шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саодати халқи тоҷик навиштаанд, орзуву омоли худро баҳри тинҷию оромии кишвар дарҷ намуд.

NBTL1289-4.JPG

Мавриди зикри хос аст, ки Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

NBTL1111-2.JPG

Бо дарназардошти мақому манзалати барҷастаи Донишгоҳ, Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба ватану миллат ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул карданд.
Таъсиси Осорхона меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хатмкардаи Факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ дар солҳои 1977-1982, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва роҳбари тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд.

NBTL1303-5.JPG

Осорхонаи Пешвои миллат мутобиқ ба талаботи замони муосир, бо дарназардошти аслият ва мазмуну мундариҷаи нигораҳо таъсис дода шуда, ҳисси худшиносию ватандӯстӣ, ифтихормандӣ ва завқи эстетикии бинандаро дучанд менамояд.

Экспонатҳои осорхона овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин муассиса фаро гирифта, нодиртарин санад, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзӯи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатм, инчунин фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ, дастовардҳои олимони Донишгоҳ ва ғайраҳо дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ мешаванд.

Осорхона аз утоқи пазироӣ ва 2-толор: Толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости “Утоқи пазироӣ” Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ гузошта шудааст. Дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакоришуда бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошад.

Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил” бошад, мизи донишҷӯёни солҳои 70 - 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ин ва дигар нигораҳо, ки аллакай моли таърих дониста мешаванд, ҷолибу диданӣ буда, таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамоянд. Дар ҳамин толор, инчунин китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро ҳамчунин акси устодони Факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супоридани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда ороиш медиҳанд.

Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон-таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна” чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакоришуда толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ кандакорӣ шудаанд.

Толори “Истиқлол”-и ин Осорхона ба ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои Донишгоҳ дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар ҳамин толор, инчунин аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда гузошта шудааст.

Осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводҳои ба Пешвои миллат бахшидашуда гӯшаи дигари ин толори барҳаворо зинат мебахшад.

Дастовардҳои олимони Донишгоҳ низ дар растаҳои ин толор ба намоиш гузошта шудааст. Сақфи бино бо гаҷкориҳои миллӣ оро ёфта, асарҳои рассомони тоҷик дар ҷойҳои мувофиқ овезон карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ роҳнамои арзанда хоҳад гардид.

Шуъбаи матбуот


Диданд: 1565

Бозгашт


  • prezident

    Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



x
Сатҳи таваррум %
Таваррум
Таварруми аслӣ