- Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2024
- Таваррум дар моҳи феврал0,3%
- 3,6%
- Пулҳои захиравӣ (феврал) млрд. сомонӣ36,2
- Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат6% (±2)
- Меъёрҳои фоизии сиёсати пулӣ
(% солона) - Меъёри бозтамвил
(аз 12 феврали с.2024)9,5 - Меъёри фоизи қарзи
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил +3 банди фоизӣ - Меъёри фоизи амонати
шабонарӯзӣ (овернайт) - меъёри бозтамвил -3 банди фоизӣ - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо пули миллӣ3,0 - Меъёри захираҳои
ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ9,0 - Меъёри миёнавазни коғазҳои
қиматноки БМТ (феврал)5,08%
- Меъёри фоизӣ дар соли 2024
- Меъёри фоизи миёнавазни пасандозҳои муҳлатнок бо пули миллӣ (январ - феврал)12,57 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ (январ - феврал)23,06 %
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои байнибонкӣ бо пули миллӣ (январ - феврал)13,00%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои ипотекии манзилӣ бо пули миллӣ (феврал)20,74%
- Меъёри фоизи миёнавазни қарзҳои маишию истеъмолӣ бо пули миллӣ (феврал)23,71%
- Қурби расмии асъор нисбат ба сомонӣ
-
дар 29.03.2024 1 USD 10.9563 1 EUR 11.8186 1 RUB 0.1187
- Ҳисоботҳои молиявӣ
- Соли молиявии 2022
- Соли молиявии 2021
- Ҳисоботи молиявии солҳои гузашта
- Телефони боварии БМТ (44-600-15-20)
- Реҷаи кории телефони боварии БМТ: душанбе - ҷумъа аз 08:00 то 17:00
(Танаффуси нисфирӯзӣ: аз 11:30 то 12:30)
- Нархномаи ҳаррӯзаи сабикаҳои ченакии тиллои БМТ
-
Телефонҳо барои гирифтани маълумот оид ба сабикаҳо:
44-600-32-77, 44-600-32-48
- Тақвими ахбор
Густариши ҳамкориҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо БАТР
5 марти соли 2019 Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)-ро таҳти роҳбарии Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Мавзӯи асосии музокирот аз баррасии дурнамои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли оянда иборат буд.
Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев меҳмононро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, бахусус татбиқи ислоҳоти низоми бонкӣ дар соли 2018,, таъмини шаффофият ва беҳтар гардидани вазъ дар соҳаи бонкӣ, коҳиш ёфтани қарзҳои ғайрифаъол ва татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ бо истифода аз фишангҳои муосир шинос намуда, аз имкониятҳои мавҷуда баҳри васеъ кардани доираи фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ибрози назар кард.
Ҳадафи асосии ташрифи ҳайати БАТР баҳогузорӣ ва таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ва муайян кардани иқтидори бахши хусусӣ маҳсуб меёбад.
Бо дарназардошти ин, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав, муайян намудани афзалият барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар такя ба бахши хусусӣ ҷалб намуд. Дар ин радиф зарурати ба инобат гирифтани самтҳои афзалиятноки кишвар дар таҳияи лоиҳаи Стратегияи нави БАТР барои солҳои минбаъд бо таваҷҷуҳи бештар ба дастгирии лоиҳаҳои бахши идоракунии давлатӣ ва маблағгузории самти обтаъминкунӣ аз ҷониби БАТР, инчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ карда мешаванд.
Директори минтақавии БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Нил Маккейн дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ карда, аз татбиқи лоиҳаҳои БАТР дар Тоҷикистон ва дурнамои ҳамкорӣ дар оянда сухан кард. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳлили бахши хусусӣ натиҷаи фаъолияти ҳайати БАТР дар Тоҷикистон хоҳад буд ва асоси Стратегияи ҳамкории БАТР-ро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкид медиҳад. Бинобар ин, омӯзиши мазкур барои фаъолияти сармоягузории ҷорӣ ва минбаъда, ки бевосита барои ҷалби ислоҳоти сохторӣ ва соҳавии кишвар нигаронида шудааст, афзалият хоҳад дод.
Ҷаноби Нил Маккейн изҳор дошт, ки дар доираи Стратегияи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар рушди бахши молия, тиҷорат ва бахши хусусӣ дар назар аст. Фаъолияти БАТР ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона шуда, бо ин роҳ метавонад ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд, зикр гардид зимни мулоқот.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин, муовини директори БАТР дар Осиёи Марказӣ, иқтисодчии пешбари минтақавӣ Ханс Холтсхакер, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон хонум Айтен Рустамова, машваратчии калон оид ба идорасозӣ ва масоили сиёсӣ Анастасия Родина, сариқтисодчии идорасозии иқтисод ва сиёсат Азиза Зоҳидова, иқтисодчии пешбари БАТР Идил Алпаслан Билджик ва роҳбарони сохторҳои калидии Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 1514
-
Имрӯз фурсате расидааст, ки ба қадри яке аз рамзҳои давлатдорӣ – пули миллӣ бирасем, ифтихор намоем ва ба он эҳтиром гузорем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
- Шуъбаи матбуот
- Ахбор
- Нашрия ва интишорот
- Суолҳои бештар пешниҳодшаванда
- Шарҳи интишорот
- Видео ва Аудио
- Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии маблағҳо
- Қонунҳои соҳаи бонкӣ
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта
- Санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ оид ба бонкдории исломӣ
- Дигар санадҳо
- Лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ
- Стратегияи БМТ